29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Корея дар назди шуъбаи СММ мулоқот намуд

228
2 декабр дар ҳошияи ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки 6-8 декабр дар шаҳри Женева баргузор мегарданд, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Корея дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Таеҳо Ли, ҳамзамон муҳокимакунандаи якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС вохӯрӣ намуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС баррасӣ гардиданд.

Таеҳо Ли тибқи талаботи СУС ба ҳайси муҳокимакунандаи якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои номбурда масъалаҳои вобаста ба сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳогузорӣ намуд.

Завқӣ Завқизода ба Таеҳо Ли дар робита ба ризоияташон барои муҳокимакунии якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назари некашон нисбат ба дастовардҳои кишвар ҳамчун аъзои СУС миннатдорӣ баён намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво