18 август 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТАЪМИНИ ИШТИРОКИ ЗАНОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиши маҷозӣ таҳти чунин унвон иштирок намуданд

115
ТАЪМИНИ ИШТИРОКИ ЗАНОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиши маҷозӣ таҳти чунин унвон иштирок намудандИмрӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашурзода ва Сураё Дӯстмуродзода дар ҳамоиши маҷозӣ, ки таҳти унвони «Таъмини иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ» бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) баргузор гардид, иштирок намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вакилони Маҷлиси намояндагон зимни баромади хеш иброз намуданд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо омили муҳими тақвияти ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, хусусан дар ҳамаи соҳаҳо арзёбӣ мегардад.

Вакилони мардумӣ бо хоҳиши меҳмонон роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат маълумоти мукаммал дода, дар бораи нақш ва мавқеи занон дар ҷумҳурӣ ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз дар мақоми олии қонунбарори кишвар ҳабдаҳ нафар вакилзанон ба нафъи меҳану давлат софдилона хизмат менамоянд. Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,-иброз доштанд вакилон -ин пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Роҳнамои ин чароғи хирад, чун дар ҳамаи самтҳои сиёсати мамлакат ҳамеша Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва ғайра барои таҳкиму самаранокии фаъолияти занон дар соҳаҳои мухталиф ва муҳими мамлакат равона гардидаанд.

Таъсири ҳамин аст, ки ҳоло сафи занон-вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда, айни ҳол дар Маҷлиси намояндагон 17 нафар фаъолият доранд. Албатта нақши онҳо дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.

Зимни ҳамоиш ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Созмони Амнияту Ҳамкори Аврупо мавриди муҳокима қарор гирифт.

АКС: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво