26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ғолибони «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017» муайян шуданд

1401
Ҷоиза ва дипломи аввалин ба ғолиби озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017» — ширкати «Авицена» аз рӯйи бахши «Назар ба оянда» дар маросими ботантана супорида шуд. Ҷоизаро ба ғолиб Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.

Ҷоиза ва дипломҳои дигари озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017» аз рӯйи бахшҳои гуногун насиби ширкатҳои «Ҷаҳон Экспресс» («Инноватсия дар соҳибкорӣ»), «Мадагаскар»- («Интихоби оилавӣ»), «Нури Ҳаёт» («Солимии миллат»), «Вегафарм» («Меҳрубонӣ ба кӯдакон»), «Синон» («Эътирофи байналмилалӣ»), «ВАХЁ КИЛК» («Сифати намунавӣ»), «Сардор 2008» («Маҳсулоти машҳур»), «Олами равшанӣ» («Дизайни хушсалиқа»), СИ «Маҳкамов Ф.» («Ибтикори тиллоӣ»), «Эскимо мастер» («Лаззати даврони кӯдакӣ»), Асали «Шифо» («Бомазза ва муфид»), «Покиза» («Сазовори боварӣ»), «Комбинати шири Душанбе» («Маҳсулоти табиӣ»), «Дастархон» («Дастовард дар соҳибкорӣ»), «Интермаркет» («Нархи дастрас»), Маркази дилхушии кӯдакон «Аладдин» («Бренди мардумӣ»), «Кони намаки Ашт» («Навгонии сол»), «Асил» («Дастоварди сол»), «Авас Инжиниринг» («Нуфуз ва ҳаловат»), «Файзи Расул» («Бо муҳаббат тайёршуда»), «Афзали Суғд» («Ғизои солим»), «Субҳи Ватан» ««Номгӯи васеъ»), «Реал Трейдинг» ва «Пайкар» («Бо мурури вақт санҷидашуда» ва «Интихоби оилавӣ») гардиданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ таъкид шуд, ки дар замони буҳрони иқтисодӣ баргузор намудани намоиш ва фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии кишвар дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017» ба хотири дастгирии соҳибкории ватанӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки 4,5 ва 6 майи соли равон дар «Кохи Борбад»-и пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017» доир гардид. Дар намоиш маҳсулоти шириву гӯштӣ, ҳасибӣ, қаннодӣ, маҳсулоти консервшуда, шарбату нӯшокиҳо, асал, равғанҳои растанӣ, чой, намак, молҳо барои хона, таъмиру сохтмон, молҳои конселярӣ ба фурӯш бароварда шуданд. Ҳамчунин дар намоишгоҳ корхонаҳои сохтмонӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ, марказҳои дилхушии кӯдакон ва шабакаҳои нуқтаҳои савдо маҳсулоти худро пешниҳоди сокинони пойтахт ва атрофи он намуданд.

Намоишгоҳи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» соли чорум аст, ки бо ибтикори ширкати «Тайрон» дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашта, ҳадафаш дастгириии соҳибкорони ватанӣ, тарғиби молу маҳсулот ва хизматрасонии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Имсол дар ин намоиш-фурӯши маҳсулот беш аз 30 ширкату корхонаҳои кишвар иштирок намуданд. Ин иқдом боиси он мегардад, ки тамғаи корхонаҳо шинохта шаванд, маҳсулоташон ташвиқ ва доираи харидоронашон зиёдтар гардад.

Назар ба андешаи Манзура Рустамова, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳ дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанист.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво