29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намоиши маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Душанбе

762
Аз 17 то 21 апрели соли равон Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро баргузор намояд. Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки намоишгоҳ дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор гузаронида шуда, палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспосентр» аз ташаббускорони баргузории намоишгоҳ мебошанд.
Ҳадафи баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон татбиқи қарордодҳои зимни ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба даст омада, инчунин тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво