Филми кӯтоҳи «Этюд» дар Фестивали 45-уми байналмилалии Гризлони Олмон иштирок мекунад![]() ![]() «Этюд» филми нахустини коргардон Мумин Латифӣ- хатмкардаи шуъбаи коргардонии Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Ин филм дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шуда, давомнокияш 16 дақиқа мебошад. Филм дар жанри драмаи варзишӣ ба навор омадааст. Он дар бораи писаре нақл мекунад, ки дар оилаи навозанда таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падару модараш мехоҳанд, ки ӯ ба мусиқӣ машғул шавад, аммо писарбача ба футбол таваҷҷуҳ дорад. Ёдовар мешавем, ки филми мазкур дар Фестивали 30-юми байналмилалии кушоди кишварҳои ИДМ ва Балтика «Киношок» дар шаҳри Анапаи Краснодари Русия ва дар Фестивали 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона иштирок намудааст. АКСҲО аз манбаъҳои боз
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |