24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дастоварди тозаи ТВ «Синамо»: Филми кӯтоҳи «Инъикос»-и коргардон Ҷумъа Рустамӣ соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гардид

669
Филми кӯтоҳи «Инъикос»-и коргардони Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» Ҷумъа Рустамӣ дар 19-умин Фестивали байналмилалии «Ин акс» («Picture this…film festival»), ки ҳамасола дар шаҳри Калгари Канада баргузор мегардад, соҳиби ҷоиза гардид.

Ҷумъа Рустамӣ иброз намуд, ки фестивали мазкур аз 1 апрел шурӯъ гардида, то 4 апрел идома меёбад.

Мавсуф иброз дошт, ки «ҷоизае, ки аъзои ҳакамони Фестивали байналмилалии «Ин акс» ба филми ман сазовор донистанд, барои «Беҳтарин нақш» аст. Ман ҳам коргардонии филмро ба уҳда доштам ва ҳам дар он нақши асосиро иҷро намудам».

Филми мазкур аз рӯи асари Носири Хусрав гирифта шуда, мавзӯяш фалсафӣ ва оид ба худшиносии инсонӣ мебошад.

Тарзи гузаронидани фестивал чунин аст, ки аъзои ҳакамон филмҳоро қаблан аз назар гузаронида, баҳогузорӣ менамоянд. Дар рӯзҳои фестивал маросими ҷоизасупорӣ доир мегардаду бори дигар филмҳои пешниҳодшударо манзури меҳмонону тамошобинон мегардонанд.

Бояд гуфт, ки филми ин коргардони ҷавон бо зиёда аз 50 филми давлатҳои гуногун рақобат карда, тавонист бо кори олии наворбардорӣ, мусиқиҳои ҷаззоб ва сабки нақшофарӣ диққати ҳакамонро ба худ ҷалб намояд.

Ҷумъа Рустамӣ коргардони ҷавон буда, давоми чанд сол мешавад, ки дар ТВ «Синамо» фаъолият дорад. Филми кӯтоҳи «Инъикос»-и ӯ низ бо дастгирии роҳбарияти ТВ «Синамо» рӯи навор омадааст, ки қобили дастгирист.

Ба майдони кинематография омадани чунин коргардонҳои ҷавон ва хушбину хушзавқ, ки бо назари тоза ва сабки замонавӣ филм меофаранд, аз ояндаи пурифтихори кинои тоҷик дарак медиҳад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво