20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Филми мустанади «Бозгашт» рӯзҳои наздик манзури тамошобинон мегардад

338
Таҳия, наворбардорӣ ва танзиму овоздиҳии филми мустанади «Бозгашт»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо коргардонии Рустам Сатторзода ба итмом расида, рӯзҳои наздик барои намоиш омода мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Филми мустанад дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба навор гирифта шуда, таърихи пурғановати миллати тоҷик, бахусус гузаштаи минтақаҳои ноҳияи мазкурро тасвир менамояд.

Коргардон Рустам Сатторзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки филми мазкур як соату 12 дақиқа буда, таърихи то 6000-солаи ин минтақаро фаро мегирад. «Аслан мо он ҷойҳоеро, ки бостоншиносон пайдо кардаанд, ба навор гирифтем, аз ҷумла дар Шаҳртеппа, Шӯртеппа, қалъаи Золи Зар, қалъаи Пучқоқ, Хирмантеппа, Чилтанбобо (ҳозира Гӯристони Фархор) ва ғайра. Тасмим дорем филмро рӯзҳои наздик ба тамошобинон пешниҳод намоем»,-гуфт Рустам Сатторзода.

«Бозгашт» ба тарзи ҳирфаӣ рӯйи кор омада, барои омода кардани он таҷҳизоти техникии замонавӣ ва усулҳои муосири филмофарӣ истифода гардидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво