28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Филми ҳунарии «Охирин сайди Cайёд» ба Фестивали кушоди кинои кишварҳои ИДМ ва «Киношок» меравад

277
Филми нави ҳунарии «Охирин сайди сайёд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар барномаи озмунии асосии филмҳои пурраи ҳунарии Фестивали ХХХ кушоди кинои кишварҳои ИДМ ва кинематографияи миллии «Киношок» иштирок мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.

Фестивал аз 25 сентябр то 2 октябри соли 2021 дар шаҳри Анапаи кишвари Краснодари Федератсияи Русия баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд», ки бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов таҳия шудааст, дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва минтақаи «Бешаи палангон» ба навор бардошта шудааст.

Муҳаммадрабӣ Исмоилов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки филми мазкур ду моҳ наворбардорӣ шуда, дар он зиёда аз 40 нафар ҳунармандони касбӣ ва нақшофарон ширкат намуданд.

Филм аз рӯи романи Аброр Зоҳир гирифта шуда, дар бораи шикорчие бо номи Сайёд қисса мекунад, ки дар беша ба шикор машғул шуда, бахташро меёбад. Сайёд ба ҷои сайд аз дохили об духтареро пайдо мекунад. Пас аз чанд муддати табобат духтар ба ҳуш омада, бо вай издивоҷ мекунад. Духтар аз он сӯи дарё, яъне аз Афғонистон буда, тақдири худро бо бачаи шикорчии тоҷик — Сайёд мепайвандад.

Филми ҳунарии «Охирин сайди Cайёд» ба Фестивали кушоди кинои кишварҳои ИДМ ва «Киношок» меравад


Филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд» бо дастгирию кумаки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Айнӣ ва Дӯстӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», Сирки давлатӣ ва Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво