Тоҷикистон ва Беларус дар ҳудуди МОИ «Суғд» корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳоро таъсис медиҳанд
178
20 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко масъалаи таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни вохӯрӣ густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. З. Завқизода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав баромадаанд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк ва тақвият додани ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ баррасӣ гардиданд. Дар хатми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари ҳамкории дуҷониба бо истифода аз имконотии зиёди мавҷуда баён доштанд. АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |