26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки гардиши савдои дуҷонибаро то ба 1 миллиард $ расонанд

159
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки гардиши савдои дуҷонибаро то ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати руши иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд. Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагии ҳаматарафа дар сатҳи олӣ ва мувофиқанамоии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба барои баимзорасонӣ ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ирсол гардиааст.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои рушди содирот ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар чор моҳи соли равон гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 фоиз афзоиш ёфта, 133 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво