29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии БРО дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд

228
Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шенни Кэмпбелл қарор гирифт.

Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои асосӣ, аз қабили сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиёт, рушди фазои сармоягузорӣ ва минтақахои озоди иқтисодӣ, иқтисоди сабз, таҳсилоти касбӣ ва тренингҳо, инчунин мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро бо таваҷҷуҳ ба минтақаҳои сусттараққикардаи кишвар муҳокима намуданд.

Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ, инчунин татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи рушди миёнамуҳлати иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025» баррасӣ карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво