14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вилояти Суғд бо 52 мамлакати ҷаҳон муносиботи тиҷоратӣ ба роҳ мондааст

430
Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар шашмоҳаи аввали соли 2019 1011,9 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи гузашта 7,0 млн. доллар зиёд гардидааст.

Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, аз ҷумла, дар ин давра гардиши савдои хориҷии вилоят ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 80,7 фоиз ё 816,4 млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 19,3 фоиз ё 195,5 млн. доллар рост омадааст.

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо мамлакатҳои ИДМ 4,5% фоиз зиёд гардида, бо мамлакатҳои хориҷи дур 12,6 фоиз кам гардидааст.

Дар ин давра содироти семент 2,0 баробар ва меваи тоза 56,7 фоиз афзуда, маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳои вилояти Суғд бештар ба мамлакатҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Чин, Туркия, Белгия, Россия, Италия, Латвия, Қирғизистон, Эрон ва Нидерланд афзалияти бештари содиротӣ доштааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 52 мамлакат, аз ҷумла бо 9 ҷумҳурии ИДМ ва 43 давлати хориҷи дур муносиботи тиҷоратӣ дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво