19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Женева самтҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо UNCTAD баррасӣ гардиданд

170
Самтҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Конфронси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба савдо ва рушд ва низоми автоматии маълумоти гумрукӣ дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд UNCTAD хонум Ребека Гринспан 7 декабр дар шаҳри Женеваи Швейтсария баррасӣ гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Завқӣ Завқизода доир ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ибрози назар намуда, аз Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд хонум Ребека Гринспан дархост кард, ки дар масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, тиҷорати рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва дигар самтҳои афзалиятнок кумакҳои худро бештар намояд.

Дар вохӯрӣ ҳайати расмии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти гумрук иштирок намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво