26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ходимони дини шаҳри Ваҳдат барои ҷавонон се варзишгоҳ бунёд намуданд

593
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ходимони дини шаҳри Ваҳдат дар деҳаи Шоразми Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон барои мусофирон истгоҳи замонавӣ ба истифода дода, панҷараҳои атрофи муассисаи таълимии рақами 35-ро пурра таъмир намуданд. Инчунин дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов як варзишгоҳ ва дар кӯчаи Меҳнати маркази шаҳр ду варзишгоҳи замонавиро мавриди баҳрабардории ҷавонон қарор доданд.

Мутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат Саидалӣ Ҳакимзода иброз намуд, ки ходимони дини шаҳри Ваҳдат корҳои созандагӣ ва бунёдкориро аз ҳисоби худ оғоз намуда, то имрӯз бо ҳашари умумии сокинон зиёда аз 7 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба истифода дода шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ходимони дини шаҳри Ваҳдат азм доранд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар якҷоягӣ бо сокинон корҳои созандагиро вусъат бахшида, боз даҳҳо иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиро ба истифода диҳанд.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво