10 август 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иқдоми 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат шурӯъ гардид

863
Ба муносибати Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат иқдоми 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» оғоз гардид. Дар ин бора аз бахши ҷавонони шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеаи корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар гузаронида мешавад.
Дар рӯзи оғози ин маърака бо иштироки 20 нафар ихтиёриёни ҷавони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шоҳроҳи Ваҳдат-Файзобод зиёда аз 280 адад дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво