18 май 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид

766
22 феврали соли 2017 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ҷамъбасти мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар он намояндагони Раёсати маорифи шаҳр, коллеҷҳои тиббӣ, омор ва комиссариати ҳарбии шаҳр ширкат варзиданд. Тавре аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат хабар доданд, мусобиқа аз рӯи 6 намуд: гурзпартоӣ, турниккашӣ, партофтани норинҷак, ҷаҳидан ба дарозӣ, давидан ба масофаи 100 метр ва намоиши машқҳои низомӣ доир гардид. Дастаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои касбомӯзӣ иштирок намуда, тибқи талаботи низомномавии мусобиқот бо ҳам сабқат намуданд.
Дар ҷамъбаст аз дастаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷойи аввал насиби Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев, ҷойи дуюм насиби дастаи Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ ва ҷойи сеюм насиби дастаи Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон гардид. Аз дастаҳои муассисаҳои касбомӯзӣ мақоми аввалро Коллеҷи омор, мақоми дуюмро Коллеҷи тиббӣ ва мақоми сеюмро Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбӣ-техникии шаҳр сазовор гаштанд.
Нафароне, ки ғолибият ба даст оварданд, ба медалу ифтихорномаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат мушарраф шуда, дастаҳои ғолиб аз ҷониби раиси шаҳри Ваҳдат қадрдонӣ гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво