16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ходимони дин дар таъмири роҳҳои шаҳри Бӯстон ва корҳои бунёдкорӣ саҳм мегузоранд

574
Ходимони дин ва намозгузорони масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам дар шаҳри Бӯстон иқдом гирифтанд, ки роҳи маҳаллаи Ғалабаро таъмир намоянд. Ин кори нек ба хотири саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омад.

Тавре имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бӯстон Маҳмадюсуф Қозиев иттилоъ дод, ходимони дин ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор марҳила ба марҳила дар баробари таъмири роҳҳои шаҳр дар дигар корҳои бунёдкорӣ низ саҳм гузоранд.

«Аслан халқи тоҷик аз қадим ба ободониву бунёдкорӣ шавқу рағбати беандоза дошта, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳалли зисти худ кӯшиш ба харҷ медоданд. Ҳадаф аз ин дар қалби сокинон ва хурду бузурги ҷомеа бедор сохтани ҳисси баланди созандагӣ мебошад», -гуфт номбурда.





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво