27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«БАРОИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ ОРОМӢ, СУБОТИ СИЁСӢ, СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ, РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Имрӯз ба таъсиси ҲХДТ 24 сол пур мешавад

556
Имрӯз, 10 декабри соли 2018 ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 24 сол пур мешавад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ҲХДТ дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ, устувориву пойдории сулҳ ва таъмини ояндаи неки шаҳрвандони кишвар аст. ҲХДТ тӯли 24 соли фаъолият зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳилаҳои сифатан нав расонид. Дар робита ба рӯзи таъсиси ҲХДТ андешаҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир РАҲМОНЗОДА-ро пешкаши хонандагон мегардонем.

Низоми таърихи давлатдориву давлатсозии чанд садсолаи охири ҷомеа собит намудааст, ки ҳар як ҷараён ва ё неруи сиёсии амалкунанда замоне ба ҳадафҳои аслиаш муваффақу комгор мегардад, ки агар иҷрои хостаҳояш ба мардум наздику пайванди ногусастанӣ дошта бошад.

Нахуст бо тавзеҳи нуктаи муқаддимотӣ ва бо таваҷҷуҳ ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрӯз сароҳатан метавон афзуд, ки ҲХДТ тавассути ҳидоятҳои ибратомӯзи Роҳбари соҳибфитрату накӯсиришт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру мондагор дорад.

Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, авлавияти рисолаташро барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат равона намудааст. Агар ба таърихи таъсиси ин ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар афканем, пайдост, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар масири давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ карда мешавад.

Табиист, ки ҲХДТ фаъолияташро аз рӯзҳои нахустини корӣ дар асоси қонунҳои амалкунада ва меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ба иҷро расонида, дар самти гуногунандешии сиёсиву идеологӣ, ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии дигари фаъол ба таври густарда ба роҳ монд.

Дар ин замина, нуктаи дигар ин аст, ки ҲХДТ дар муддати 24 соли фаъолияти босамар чор марҳилаи таърихии ибратомӯзро паси сар намудааст.

ҲХДТ дар заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муттаҳидсозии ҳамдигар, рушду инкишоф ва тақвияти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқро ба инобат гирифта, вобаста ба талабу тақозои ҷаҳони муосир муҳимтарин нақшаву барнома ва стратегияҳои миллии ояндадорро рӯйи даст гирифт.

Воқеан ҳам, масири паймудаи ҳар як марҳилаи тайкардаи он, бо таваҷҷуҳ ба татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ, муаррифии Ватан ҳамчун кишвари пешоҳангу ташаббускор ва расидан ба марҳилаҳои сифатноки ҷомеа мактаберо мемонад, ки иқдомҳои омӯзандаи Пешвояш чун Эмомалӣ Раҳмон боиси дастгирии аҳли сайёра гардидааст. Дар ин замина, нуктаи тафсилии дигар ин аст, ки имрӯз ба сурати тамом эътирофи ҳамагон гардида, ҳамчун ҳизби ҳамқадами комил дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои миллию давлатӣ ҳамеша пешсафу пешкор аст.

Ҷойи баҳсу шубҳаи дигаре нест, ки ҲХДТ тавассути иқдомҳои шоистааш НБО «Роғун»-ро таҳти сарпарастии маънавии худ қарор дода, натиҷаҳои гузашти айём собит намуд, ки бунёдкорони он аз ин ташаббуси хайрхоҳонаи миллӣ рӯҳбаланд гардида, бо ғайрати комилу азми қавӣ ин «Кохи нур»-ро дар муҳлати пешбинишуда мавриди баҳрабардории умум қарор доданд. Таблиғу ташвиқи бештари НБО «Роғун» бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва ҳалли мушкилоти норасоии неруи барқ қудратмандии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои тавони бузурги хеш шуҳратёру пешоҳанг муаррифӣ намуда, нуфузашро дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ устувортару қавитар гардонид.

Бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зикргардида метавон ёдовар шуд, ки давоми чанд соли охир ҲХДТ барои ҳарчи бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодири замон нақши арзишманд дорад.

Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз комёбиҳои арзишманд имрӯзҳо ҲХДТ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби бузургеро мемонад, ки омӯзиш ва азбарнамоии он метавонад ҳар яки моро ба пешравиҳои намоён комгору муваффақ гардонад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро ба Рӯзи таъсиси ҲХДТ табрик гуфта, дар фаъолияти меҳнатӣ пешравиҳои намоён таманно дорем.

PS: Нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи ташкил кардани Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд (минбаъд Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон).

12 июни соли 1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил гардид.

10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкили ҲХТ қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.

15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲХТ-ро таҳти № 199 номнавис намуд.

30 марти соли 1996 Анҷумани II ҲХТ доир гардид.

7 сентябри соли 1996 шумораи аввалини нашрияи ҳизб – рӯзномаи «Минбари халқ» аз чоп баромад.

25 июни соли 1997 Анҷумани III номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод.

18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб кард.

23 сентябри соли 1999 Анҷумани V ҲХДТ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

25 декабри соли 1999 Анҷумани VI ҲХДТ номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба вакилии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кард.

22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII стратегия ва тактикаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа — давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ муайян намуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво