Дастгирии ҷавонон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ
934
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Соли ҷавонон пайваста вохӯриҳо гузаронида, дастгирии шахсони эҳтиёҷмандро ба зимма гирифтааст. Дар ин радиф ба донишҷӯёни фаъол аз оилаҳои камбизоат, эҳтиёҷманд ва ятиму маъюб ҳар моҳ идрорпулии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дода мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Чанде пеш вохӯрии роҳбарияти Кумита бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва коллеҷҳои санъат, техникӣ, туризм доир шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ҷавононро бо фарорасии Рӯзи Модар ва Наврӯзи ҳуҷастапай табрик гуфта, зикр намуд, ки эълон шудани Соли ҷавонон иқдоми воқеан ҳам саривақтӣ буда, он метавонад дар самти тарбияи шахсияти ҷавонон такони ҷиддӣ бахшид. Ҷавонони мо дар ин сол метавонанд худро ба ҷомеа хубтар муаррифӣ карда, нишон диҳанд, ки онҳо ҳамқадами замонанд. Президенти кишвар бештар ба ҷавонон такя карда, онҳоро созандагони Ватан, неруи созанда, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ном мебарад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |