21 октябр 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

«Занон – пайрави Пешвои миллат» — роҳпаймоӣ дар Кӯлоб

373
«Занон – пайрави Пешвои миллат»- таҳти чунин унвон дирӯз дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Модар роҳпаймоӣ ва маҳфили фарҳангӣ доир шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд, роҳпаймоӣ аз назди оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ оғоз гардида, то назди Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Занону духтарон дар тан либосҳои миллӣ, чакану гулбаст, атласу адрас дар даст Парчами миллӣ ва шиору навиштаҷот бахшида ба Рӯзи Модар бо рӯҳияи идона дар роҳпаймоӣ иштирок намуданд. Баъд аз роҳпаймоӣ дар Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб ҷамъомади фарҳангӣ баргузор шуд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло як гурӯҳ занони фаъоли шаҳри Кӯлобро барои хизматҳои арзанда бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд. Инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева ҳамчун зани пурмасъул, ташкилотчӣ ва фаъол аз тарафи роҳбарияти шаҳри Кӯлоб бо медал сарфароз гардонида шуд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво