26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷонибек Ҳикмат ва Владимир Воронков идомаи ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе»-ро баррасӣ карданд

144
Ҷонибек Ҳикмат ва Владимир Воронков идомаи ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе»-ро баррасӣ карданд 8 апрел вохӯрии Намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла танзими чорабиниҳои муштарак ҷиҳати татбиқи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва идомаи ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфта» баргузор гардид.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо танзим шуда буд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, конфронси навбатии сатҳи баланд дар доираи «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

АКС: ВКХ Тоҷикистон



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво