28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз рӯи натиҷаҳои конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он Эъломияи Душанбе қабул гардид

448
«Имрӯз Тоҷикистон бори дигар ба маркази чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ дар самти таҳкими амният ва суботи минтақа ва ҷаҳон, ҷустуҷӯи роҳҳои халли муштарак дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва маблағгузории он гардид». Чунин гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ.

Сироҷиддин Муҳриддин бо натиҷагирӣ аз кори конфронси сатҳи баланд, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» баргузор шуд, зикр кард, ки конфронси сатҳи баланд, ки дар он беш аз 500 ҳайат аз 50 давлати дунё, 28 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба мавқеи Тоҷикистон дар самти таъмини субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон, вобаста ба авзои кишвари ҳамсоя-Афғонистон, муборизаи дастаҷаъмонаи давлатҳои ҷаҳон бар зидди терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сухан карда, кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкории муштарак ва самарабахш даъват намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши сатҳи баланд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ ва дигар шарикони байналмилалӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, иштирокдорони он масоили мубрами марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалиро дар самти мубориза бо чолишҳои замони муосир, хусусан терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он баррасӣ намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд. Ҳамоиш дар ду бахш ҷараён гирифта, дар он масъалаҳои вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтакавии дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, инчунин кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада, ки ба терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ рабт оранд, матраҳ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки аз натиҷаи баргузории конфронси сатҳи баланд, ки дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» доир гардид, Эъломияи Душанбе қабул шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон намояндагони баландпояи созмонҳои байналмилалӣ — муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков, муовини котиби кулли Итиҳоди Аврупо Педро Серрано, директори Марказ оид ба пешгирии муноқишаҳои котиботи САҲА Марсел Пешко ва дигарон иштирок намуда, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани конфронси сатҳи баланд иброз доштанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво