Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот анҷом доданд.
Владимир Воронков Тоҷикистонро «яке аз давлатҳои пешсаф дар мубориза бар зидди терроризм дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон» номид.
Инчунин Владимир Воронков баъд аз анҷоми мулоқот ба хабарнигорон иброз дошт, ки зимни вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи Конфронси сатҳи олӣ муҳокима карда шуд. Конфронси мазкур, бешубҳа, муваффақияти комили ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд. Мавзӯи терроризм ҳанӯз актуалӣ буда, нақши роҳбарикунандаи Тоҷикистон дар ин самт барои решакансозии ин қувваи бадӣ муҳим ва ҳалкунанда ба шумор меравад.
Хотиррасон мекунем, ки 17 май дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» баргузор мегардад.