27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафири навтаъйини Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

252
Сафири навтаъйини Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Душанбе омад6 апрел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Турехановро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баъд аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома аз ҷониби Сафири Қазоқистон ба муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.

Ҳамсуҳбатон масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намуда, перомуни чорабиниҳои муштараки дарпешистода ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табодули афкор намуданд.

С.Имомӣ ба В.Туреханов дар амалисозии фаъолият ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои шарокати стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон муваффақият орзу намуд.

АКС: ВКХ Тоҷикисон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво