26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

185
Омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ба Тоҷикистон дирӯз зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари Ван И ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 13-14 июл дар Душанбе баргузор мешавад, сурат мегирад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво