26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар Тоҷикистон Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳ гардид

422
Имрӯз дар Тоҷикистон Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳ гардид Имрӯз дар фазои тантанавӣ дар мамлакат Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кушода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба телевизиони мазкур.

Маросими ифтитоҳи он бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Директори Муассисаи давлатии Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Дилафрӯз Амирзода ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Тазаккур дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа ба он, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар самти таҳкими рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат арзёбӣ мегардад.

Имрӯз дар Тоҷикистон Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳ гардид


Шабака дар кӯчаи Айнии пойтахт, дар бинои собиқи Пажӯҳишгоҳи давлатии илмию тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 2 соли охир се шабакаи нави телевизионӣ – «Илм ва табиат», «Шаҳнавоз» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Имрӯз дар Тоҷикистон Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳ гардид


АКСҲО аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво