23 июн 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид

116
Тавре қаблан хабар додем, имрӯз бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар мамлакат Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон- «Илм ва табиат» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора муовини якуми директори МД «Илм ва табиат» Аҳлиддин САЛОҲЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК хабар дод.

Дар маросими оғози кори шабакаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори шабакаи навтаъсиси «Илм ва табиат» Зинатуллоҳ Исмоилзода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, фарҳангиён ва донишмандон ширкат намуданд.

Зикр гардид, ки тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабака нашр мешаванд, ҳама ба забони тоҷикӣ буда, дастовардҳои олимони тоҷик, ҳамзамон табиату манзараҳои нотакрори мамлакатро инъикос менамоянд. Аз ҷумла, «Арса» дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, «Арши илм» дар бораи нобиғаи илм, «Сайри кайҳон» дар мавриди кайҳон ва нуҷум, «Чор унсур», «Дар оғӯши табиат», «Парвезан», «Сайёраи умед», «Мададгор», «Теғи Сино» ва «Дар дили санг» барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд.

Дар айни замон шабака 18 соати нашр дошта, қарор аст давоми сол ба 24 соат расонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки шабакаи навтаъсис дар суроғаи кӯчаи Шероз, 31 ҷойгир аст.

Ҳадаф аз таъсис ва роҳандозии шабака- тарғиби дастовардҳои илм, ҷалби таваҷҷуҳи насли нави Тоҷикистон ба илм ва оммавӣ кардани тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад.

Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид

Ёдовар мешавем, ки таъсиси телевизиони мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 тибқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Дар баробари ин, Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ба тасвиб расида буд.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар доираи ин дастовардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 шабакаи телевизионӣ ва 3 шабакаи радиои давлатӣ таъсис дода шудаанд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 телевизион ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво