29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суҳроб Ализода: Телевизиони «Илм ва табиат» то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд

252
Имрӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволи хабарнигори АМИТ “Ховар” дар мавриди кай ба фаъолият шурӯъ намудани Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ализода посух дода, зикр намуд, ки “Кумитаи телевизион ва радио вазифадор шудааст, ки то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат»-ро фаъол гардонад. Бо ин мақсад айни ҳол таҷҳизоти касбӣ дархост шудаанд. Ин дастгоҳҳо аз давлатҳои Аврупо дастрас шуда, то муҳлати муқарраргардида корҳо ба анҷом расонида мешаванд ва муассисаи мазкур ба фаъолият шурӯъ менамояд”.

Хамзамон иброз карда шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли 2020 «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Дар баробари ин, Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ба тасвиб расида, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Оиннома ва сохтори он барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод шудааст.

Соли гузашта фаъолияти якчанд телевизион баъди санҷиш бинобар риоя накардани қонунҳои амалкунандаи соҳа қатъ гардида, 6 субъкти хоҷагидории соҳавӣ аз аттестатсия гузаронида шуд.

Айни замон кумита бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳои телевизиониву радиоӣ бо 15 вазорату идора ва сохторҳои соҳаи телевизион ва радиои кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.

Кумита дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар доираи ин дастовардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 шабакаи телевизионӣ ва 3 шабакаи радиои давлатӣ таъсис дода шудаанд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 телевизион ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.

Дар аввали соли 2020 фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар пахши рақамӣ 65,8%-ро ташкил медод, то охири соли 2020 ин нишондиҳанда ба 72% расонида шуд. Фоизи фарогирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар пахши заминии ғайриодӣ (аналогӣ) чунин аст: “Телевизиони Тоҷикистон”-99,72%, “Телевизиони Сафина”-92,70%, “Баҳористон”-89,01% ва “Ҷаҳоннамо”-78,96%.

Фоизи фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ -“Радиои Тоҷикистон”-88,60%, “Овози тоҷик”-57,90%, “Садои Душанбе”-65,80% ва “Фарҳанг”-59,87% мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво