26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Tourism Expo Japan» муаррифӣ мегардад

270
Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Tourism Expo Japan» муаррифӣ мегардадИнтизор меравад, ки намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism Expo Japan», ки моҳи сентябри имсол доир мегардад, иштирок намуда, имконияту зарфияти соҳаи сайёҳии кишварамонро дар Ҷопон муаррифӣ намоянд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон масъалаҳои марбут ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ ва доир ба ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи мазкур табодули назар намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти соҳаи сайёҳӣ ҷоригардида, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дода, зикр намуд, ки сайёҳӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳумчунин дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба имзои санади ҳамкорӣ, ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок муҳокима гардиданд.

Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики ҳавасмандии кишварашро ба тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, омӯзиши мутахассисони тоҷик дар самти идоракунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, технологияи иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ изҳор намуд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво