24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саёҳатӣ дар Давҳа муаррифӣ гардид

361
Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саёҳатӣ дар Давҳа муаррифӣ гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ (Qatar International Exhibition for Travel and Tourism –Qatar Travel Markt 2021), ки 16 ноябри соли 2021 дар шаҳри Давҳа сурат гирифт, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад.

Намоишгоҳро Вазири тиҷорат ва саноати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ бо ҳузури роҳбарони ҳайатҳо ва корпуси дипломатии муқими Давҳа ифтитоҳ намуда, аз гӯшаи Тоҷикистон низ боздид ба амал овард.
Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саёҳатӣ дар Давҳа муаррифӣ гардид
Намоишгоҳ бо иштироки 150 ширкати сайёҳӣ аз 34 кишвари ҷаҳон то 18 ноябр идома хоҳад кард. Иштироки ширкатҳои саёҳатии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Давҳа ҷиҳати дарёфти шарикон, муаррифии имконияти сайру саёҳат, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ва ҷалби бештари гардишгарон ба Тоҷикистон фурсати муносиб фароҳам меоварад.

Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии “Qatar Travel Mart 2021” 16 ноябр дар шаҳри Давҳа раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо мудири кулли Шӯрои миллии сайёҳӣ дар Қатар Бертолд Тренкел мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд. Ҷониби Қатар ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуда, иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар чунин намоишгоҳ ба афзоиш ёфтани таваҷҷуҳи кишварҳои Халиҷ ба зарфияти сайёҳии Тоҷикистон рабт дод.

Инчунин 16-17 ноябр дар шаҳри Давҳа раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо доираҳои соҳибкорон ва сармоягузорон вохӯриҳо анҷом дод.

Зимни мулоқот бо соҳибкори бонуфузи қатарӣ ва муассиси бонки байналмилалии исломӣ Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ва таъсиси ширкатҳои муштарак дар ин соҳа баррасӣ шуданд. Қарор дода шуд, ки дар оғози соли оянда гурӯҳи соҳибкорон ва сармоягузорони қатарӣ бо мақсади шиносоӣ бо зерсохтори саёҳатии кишвар ва имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳа аз Тоҷикистон боздиди корӣ анҷом диҳад.

Роҳҳои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин зимни мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода ва Носир Ҳасан ал-Ансорӣ — Раиси шӯрои ширкати “Just Real Estate” ва дигар намояндагони доираҳои соҳибкорон ва сармоягузорони қатарӣ баррасӣ шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво