27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи Иди Наврӯз ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии Нуробод кумаки моддӣ расонид

153
Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи Иди Наврӯз ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии Нуробод кумаки моддӣ расонидБо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ расонид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, кумаки мазкур аз 15 халта орд, 50 литр равған, 40 кг гӯшти гов, 50 кг биринҷ, 100 кг макарон, 50 кг шакар, 20 кг шоколад, 20 кг кӯлчақанд ва 300 адад дафтару ручкаро иборат гардида буд.

Роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Иди Наврӯз ба тамоми таълимгирандагони Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нурободро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуда, зикр карданд, ки дар асоси сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбат ба ятимону маъюбон ғамхорӣ зоҳир гардида, барои онҳо тамоми шароити зисту таълим ва тарбия муҳайё гардида истодааст.

Таъкид гардид, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат таълимгирандагонро зарур аст, ки бо баҳои аъло ва одоби намунавӣ таҳсил ва тарбия гирифта, ба давлату миллати худ софдилона хизмат намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар Мактаб интернати ҷумҳуриявии кудакони ятими ноҳияи Нуробод 135 нафар ятимони кул бо шароити хуби таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво