12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шиори ҷавонони шаҳри Ваҳдат: «Бо Пешвои миллат будем, ҳастем ва мемонем!»

1218
Бахшида ба Соли ҷавонон дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат мулоқот баргузор шуд. Дар он муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода, мудири Бахши кор бо занон ва оила Зарина Одинаева ва мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат Маъруфҷон Азиззода нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин фаҳмониданд. Дар ин бора масъули Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори мо иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 барои мардуми тоҷик, хусусан барои насли ҷавон фоли нек аст. Ҷавонон бояд ҳамеша фаъол бошанд, масъулияти бузургеро, ки Сарвари давлат ба зиммаашон вогузор кардааст, эҳсос намуда, баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистон қувваю неруи хешро сарф намоянд. Шиори ҷавонони шаҳри Ваҳдат чунин аст: «Мо — ҷавонони шаҳри Ваҳдат бо Пешвои миллат будем, ҳастем ва мемонем!».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво