«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»-роҳпаймоӣ дар шаҳри Панҷакент
1335
Дирӯз дар маркази шаҳри Панҷакент тахти шиори «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» бо иштироки ҷавонони фаъоли шаҳр роҳпаймоӣ доир гардид. Дар ин бора аз Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, роҳпаймоӣ бо мақсади аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 чун Соли ҷавонон роҳандозӣ гардид. Баъд аз роҳпаймоӣ иштирокчиён бо шиорҳои «Мо бо шумоем, Пешвои миллат!» ва «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» дар назди қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент ҷамъ омаданд. Кормандони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаҳои консертӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |