27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати Тоҷикистон дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир дар шаҳри Вена иштирок дорад

181
Ҳайати Тоҷикистон дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир дар шаҳри Вена иштирок дорадҲайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Венаи Австрия иштирок дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иҷлосия аз 14 то 18 март дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ баргузор гардида, дар он вазирон ва роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СММ дар шакли омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ) иштирок менамоянд.

Дар рӯзи аввали иҷлосия аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода вобаста ба вазъи маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ дар соли 2021, пешравиҳо ва проблемаҳои кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ маърӯза намуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир дар шаҳри Вена иштирок дорадҲамзамон зимни маърӯза директори Агентӣ дар бораи хатари нигаронкунандаи паҳншавии маводи нашъадори навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ, усулҳои нави фурӯши ин мавод тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, афзоиши қоҷоқи маводи нашъаовар ба Тоҷикистон баъди ба сари ҳокимият омадани ҳаракати «Толибон»* ва дар ин робита таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори назар карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳамкорӣ ва дастгирии мақомоти ваколатдори кишвар даъват намуд.

Ҳамчунин дар ҳошияи иҷлосия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари ҳайати ИМА мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот якчанд масъалаҳои мубрам, аз ҷумла таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Агентӣ бо Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА дар Осиёи Марказӣ, барқарор намудани Дафтари ДЕА дар Тоҷикистон ва маблағгузории кормандони Агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар иброз доштанд.





АКСҲО: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво