16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Майдончаи варзишӣ-сеюмин туҳфаи Агентии назорати маводи нашъаовар ба сокинони шаҳри Душанбе

440
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боз як майдончаи нави варзишӣ ва бозии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт.

Майдончаи мазкур дар кӯчаи Туниси ин ноҳия аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар маросими кушодашавии он директори Агентӣ Шерхон Салимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода ва дигарон иштирок намуданд.

Ин сеюмин майдончаи варзишиест, ки бо қувваи кории кормандони Агентӣ дар пойтахти мамлакат бунёд мегардад. Майдонча пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакону сокинон таъмин мебошад.

Дар майдончаи варзишӣ ҷой барои бозию дилхушии кӯдакон, тамрини бадан барои калонсолон, футболи хурд, волейбол, баскетбол ва сайру гашти сокинони маҳалла бунёд гардидааст. Ҳудуд ва атрофи майдонча сабзкорӣ шуда, дар он дарахтони сояафкан, аз ҷумла 165 дарахти арча шинонида шудааст, ки ин мавзеъро боз ҳам зебову назаррабо менамоянд.

Майдонча бо харҷи 654 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, масоҳати он 3206,00 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Сокинони маҳалла ин иқдомро самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба аҳолӣ, махсусан ҷавонон, ки насли ояндасози мамлакат ба ҳисоб мераванд, маънидод намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво