25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 17 феврал Вазорати нақлиёт, Агентии назорати маводи нашъаовар, Мақомоти шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳо нишасти матбуотӣ доир менамоянд

197
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 17 феврал Вазорати нақлиёт, Агентии назорати маводи нашъаовар, Мақомоти шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳо нишасти матбуотӣ доир менамоянд17 феврал Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар соати 09:00 дар Агентӣ баргузор мешавад.

Саридораи геология нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Саридораи геология баргузор менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотиро соати 10:00 дар толори баргузории нишастҳои матбуотии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 11:00 дар Вазорати нақлиёт барпо мегардад.

Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноат соати 14:00 дар Палатаи савдо ва саноат баргузор мешавад.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2021 аз 31 январ оғоз гардида, 17 феврал ҷамъбаст мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво