26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Кормандони АМИТ «Ховар» бо 300 ёдгории таърихӣ ва нигораҳои ин намоишгоҳ шинос шуданд

202
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Кормандони АМИТ «Ховар» бо 300 ёдгории таърихӣ ва нигораҳои ин намоишгоҳ шинос шудандКормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» аз намоиши нодири мероси ниёгон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил гардидааст, дидан намуданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳи мазкур сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба кормандони Агентӣ доир ба ҳар нигора маълумоти муфассал дод.

Дар намоиш ҳудуди 300 ёдгории таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон имконияти хубест барои аз наздик шинос шудан бо тамаддуну фарҳанги қадимии гузаштаи худ, дар мисоли Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадимӣ, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук ва Аҷинатеппа. Инчунин дар намоиш таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва намоиши ашёи таърихӣ аз ёдгориҳои ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Намоишгоҳ имкон медиҳад, то шаҳрвандону меҳмонони кишвар низ аз он дидан намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд.

Бояд гуфт, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ гардида, то 8 январи соли 2022 идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллӣ омода ва ифтитоҳ карда шавад. Дар робита ба дастури Пешвои миллат 25 феврал дар Осорхонаи миллӣ намоиши мазкур ифтитоҳ гардид, ки то охири моҳи апрел идома ёфта, сокинонону меҳмонон имкон доранд аз ин намоиши нодири мероси ниёгони миллати тоҷик дидан намоянд.


АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво