28 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ намоиши нодири мероси ниёгонро тамошо намуданд

273
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ намоиши нодири мероси ниёгонро тамошо намуданд Кормандони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳӣ аз намоиши нодири мероси ниёгон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил гардидааст, дидан намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт.

Шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои фарҳангию сайёҳӣ барои муаррифии зебоиҳои зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ба дӯстдорони сайру саёҳат тавсия медиҳад, ки бо мақсади рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии мамлакат, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли ҷавон ҳамватанонамон бештар аз осорхонаҳо, аз ҷумла аз намоиши нодири мероси ниёгон таҳти унвони « Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дидан намоянд.

«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ намоиши нодири мероси ниёгонро тамошо намуданд


АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво