19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Осорхонаи миллӣ сокинон ва меҳмононро ба тамошои намоиши нодири мероси ниёгон даъват менамояд

203
«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Осорхонаи миллӣ сокинон ва меҳмононро ба тамошои намоиши нодири мероси ниёгон даъват менамоядДар Осорхонаи миллӣ 25 феврали соли равон ҷиҳати амалинамоии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз гардид, ки он то охири моҳи апрел идома меёбад. Сокинону меҳмонони мамлакат имкон доранд аз ин намоиши нодири мероси ниёгони миллати тоҷик дидан намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев хабар дод.

Мавриди зикр аст, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт. Баргузор гардидани Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯст – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса нақши бузург бозид.

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Осорхонаи миллӣ сокинон ва меҳмононро ба тамошои намоиши нодири мероси ниёгон даъват менамояд


Ба василаи ёдгориҳои таърихӣ, ки аз қаламрави кишвари мо пайдо шудаанд, таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, давлатдории тоҷикон дар давраҳои гуногун, мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ, зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо мақсади муаррифӣ намудани тамаддуну фарҳанги қадимаи тоҷикон дар мисоли ёдгориҳои бостонӣ, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадима, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа дарёфт шудаанд, баргузор гардид. Дар намоишгоҳ ҳудуди 300 адад ёдгории таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, дар муддати се моҳ мардуми Фаронса ва шаҳрвандони дигар кишварҳои Аврупо имкони мусоид пайдо карданд, то ин ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллӣ омода ва ифтитоҳ карда шавад.

Реҷаи кории Осорхонаи миллӣ аз рӯзи душанбе то якшанбе, аз соати 09-00 то 20-00 ба роҳ монда шудааст. Марҳамат ба тамошои намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ».

Аксҳо: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар» /Осорхонаи миллӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво