26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ғолибони даври сеюми шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии Душанбе муайян шуданд

340
Ғолибони даври сеюми шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии Душанбе муайян шуданд12 март дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт баргузор гардид. Озмун аз рӯи шаш номина: «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе», «Беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи «Spelling Bee», Ғолибони даври шаҳрии олимпиада оид ба «Шоҳмот», «Ғолибони Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ҷамъбаст гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар маросими мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, масъулини сохторҳои маорифи пойтахт ва ғолибону шогирдон иштирок намуданд.

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе» ҷойи якум насиби дастаи олимпии ноҳияи Сино бо ба даст овардани 408 ҷойи ифтихорӣ, ҷойи дуюмро дастаи олимпии ноҳияи Шоҳмансур бо ба даст овардани 174 ҷойи ифтихорӣ сазовор шуда, ҷойи сеюмро дастаҳои олимпии ноҳияи Фирдавсӣ бо 162 ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ба даст овардани 157 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд.

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе» аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Соли дуюм аст, ки дар пойтахт бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Олимпиадаи даставии «Истеъдод» бо чунин шакл ва услуби нав аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе» ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар натиҷа дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо бошад, дастаи ноҳияи Сино ҷойи аввалро соҳиб шуда, сазовори Ҷоми Олимпиадаи даставии «Истеъдод» гардид.

Инчунин муассисаҳои таълимие, ки натиҷаҳои хубро нишон дода, шумораи ғолибонашон зиёду ба пешравӣ ноил шудаанд, бо Сипоснома сарфароз гардиданд.

Аз 3854 нафар иштирокчии даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиада 901 нафарро ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, 163 нафар хонандагони синфи 11, 111 нафар ғолибони олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10, 120 нафар наврасони синфҳои (7-8) ва 92 нафар наврасони синфҳои (5-6), 12 нафар ғолибони олимпиадаи «Speeling Bee», 12 нафар ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот» ба даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаҳо роҳхат ёфта, ҳамаи онҳо барои омодагӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт ба таълим фаро гирифта шуданд.

АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво