26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дастаи Хуҷанд ғолиби даври вилоятии Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи намуди шоҳмот гардид

236
Дар озмоишгоҳи инноватсионии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи намуди шоҳмот баргузор гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (дастаи №1) аз худ маҳорати хуб нишон дода, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Рақобати ниҳоии озмун хеле шавқовар доир гардида, дар натиҷа дастаи шаҳри Хуҷанд пирӯз шуд. Ба ин тартиб, дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми дуввум ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (дастаи №2) мақоми сеюмро касб намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ғолибони озмун Ҷом, медалҳои ифтихорӣ ва диплому сипосномаҳо супорида, инчунин дастаҳои шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Ашт барои нишон додани маҳорати хуб бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд қадршиносӣ карда шуданд.

«Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои таътили зимистонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд баргузор шуда, дар даври вилоятии озмун 23 дастаи беҳтарин иштирок намуданд.

Дар даври вилоятии озмун дастаҳо аз шаҳри Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон иштирок намуданд”,-афзуд манбаъ.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво