16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Спартакиадаи бонувон бахшида ба 25- солагии Истиқлолият

1008
Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба ҳафтаи Рӯзи ҷавонон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ- Спартакиадаи бонувон ташкил карда шуд. Дар мусобиқаи варзишӣ 260 нафар варзишгардухтарон аз 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Қувваозмоии бонувон аз рӯи се намуди варзишӣ волейбол, баскетбол ва тенниси рӯимизӣ сурат гирифта, дар як вақт дар се муассисаи варзишии шаҳри Хуҷанд варзишгоҳи Ҷашнӣ (аз рӯи намуди баскетбол), толори варзишии Коллеҷи тиббӣ (волейбол) ва толори варзишии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд (тенниси рӯимизӣ) гузаронида шуд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар масъулини шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо ибтикори роҳбарияти Кумита рӯи кор омада, ҳадафи асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарастӣ, дарёфти варзишгарони умедбахш аз ҳисоби бонувон ва тарғибу ташвиқи варзиш байни бонувони шаҳру ноҳияҳои вилоят буд.
Дар интиҳо бо ҷамъбасти холҳо дастаи шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои аввал, дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби ҷои дуюм шуда, ҷои сеюм ба дастаҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамен дода шуд. Дастаҳои ғолиб ва иштирокдорони фаъол аз чониби роҳбарияти кумита бо Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво