29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ғолибони озмунҳои касбии соҳавии шаҳри Душанбе муайян шуданд

369
Имрӯз ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе барандагони стипендияи Раиси шаҳр — хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт ҳавасманд гардиданд. Ҳамзамон дар ин рӯз ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавии шаҳри Душанбе ҷоизаҳои шаҳрдорӣ супорида шуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2019» дониста шуда, бо маблағи 6000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид. Омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»-и шаҳри Душанбе Саидкарим Раҳимов барои ғолибият дар озмуни «Омӯзгори сол-2019» бо маблағи 6000 сомонӣ ва диплом қадрдонӣ шуд.

Дар озмуни «Хонандаи сол-2019» ҷоиза дар ҳаҷми 4000 сомонӣ ва диплом ба хонандаи Муассисаи давлатии таълимии литсейи №3 барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Душанбе Дилноза Азимова сазовор дониста шуд.

«Дар ин рӯз ғолибони озмунҳои касбии соҳаҳои тандурустии шаҳри Душанбе “Беморхонаи сол-2019”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол-2019”, “Табиби сол-2019”, «Табиби оилавии сол-2019” ва “Корманди миёнаи тибби сол-2019” муайян гардиданд. Коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Беморхонаи шаҳрии бемориҳои сили кӯдакона” ғолиби озмуни “Беморхонаи сол-2019” дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №9” ғолиби озмуни “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби сол-2019” – духтури педиатри (сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати тандурустӣ, муовини сартабиб оид ба ёрии таъҷилӣ)-и Маркази тиббии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ Раҳим Раҳимов бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби оилавии сол-2019” — табиби оилавии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №1″ Шарифа Шодиева бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ ва ҳамшираи тиббии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №7» Наҷиба Зардова ғолиби озмуни “Корманди миёнаи тибби сол-2019” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд”, -афзуд манбаъ.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ғолиби озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» майори милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №6 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ Фируз Мирзоев бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ, барои дарёфти ҷойи дуюм майори милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №13 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ-1 Фаррух Мусозод бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12 000 сомонӣ ва барандаи ҷойи сеюм майори милитсия, сардори минтақаи хизматии маъмурии №14 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ-1 Шарифзода Абдусаттор Саид дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадрдонӣ шуда, бо Шаҳодатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

Фаъолияти самарабахши нафароне, ки шабонарӯзӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани пойтахт- шаҳри Душанбе заҳмат мекашанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд.

Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе Парвина Шамсиддинова, Сайниссо Газиева, Шоира Суюнова ва Мукаррам Қосимова- ҳар кадоме бо маблағи 5000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво