27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 16 март боқӣ мемонад

124
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки 12-16 март дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, бориш дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ асосан дар намуди борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар намуди борон-барф ба амал меояд. Инчунин раъду барқ низ пешгӯӣ шуда, боридани жола аз эҳтимол дур нест. 12-13 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши пуршиддат дар назар аст.

12-14 март дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд хавфи сар задани зуҳуроти селӣ, дар минтақаҳои кӯҳии ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад. 12-14 март дар дарёҳои Ёхсӯ-Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таври боварибахш аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳистон, чидани занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Ба ронандагон пеш аз гузаштан аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ тавсия карда мешавад, ки дар бораи вазъияти роҳҳо, обу ҳаво маълумот ҷамъ оварда, нақлиёти худро бодиққат тайёр кунанд. Ҳангоми дар ноҳияҳои кӯҳсор ва ё минтақаҳои хавфноки роҳҳо ҳаракат кардан ба фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо катъиян риоя кардан зарур аст.

АКС : АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво