26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Рӯзҳои наздик дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад

154
Рӯзҳои 9 ва 10 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ вазиши шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст. Инчунин 9-11 сентябр дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Пас аз нимарӯзи 9 сентябр дар ноҳияҳои қисмати шимолу ҷанубии вилояти Хатлон ва рӯзҳои 10-11 сентябр дар вилояти Хатлон, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дустӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва заррачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10), Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5мкр) дар назар аст.

Аз ин рӯ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, минтақаҳои камшамол, инчунин корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар худдорӣ намоянд.

Чунин омил ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила, беморони диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво