20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳру ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон стансияҳои автоматикии метереологӣ насб шуданд

199
Дар 7 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон — Роғун, Турсунзода, Варзоб, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Темурмалик, Дарвоз 7 адад стансияи автоматикии метереологӣ насб гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Стансияҳои насбгардида тамғаи AWS-310 «VAISALA-Finland» буда, дар онҳо аз рӯи мушаххасоти суръати шамол, самти шамол, ҳарорати ҳаво, намнокии ҳаво, фишори атмосферӣ, миқдори бориш, радиатсияи офтоб ва баландии қабати барф мушоҳидаҳои ҳавосанҷӣ гузаронида мешаванд.

Стансияҳои автоматикии метереологӣ бо мақсади мукаммалсозии низоми мониторинги боду ҳаво бо ҷалби маблағҳои грантии лоиҳаи минтақавии «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) барои Агентии обуҳавошиносӣ дастрас ва насб карда шуданд.

Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати мукаммал гаштани мониторинги боду ҳаво, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологии аҳолии ҷумҳурӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво