24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»

342
Тавре қаблан хабар додем, аз 7 то 9 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, дар баъзе ноҳияҳо борони шиддатнок дар назар дошта шудааст. 7-8 апрел раъду барқ ба амал омада, 9 апрел дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар баландиҳои зиёд аз 1000 метр, дар вилояти Суғд дар баландиҳои зиёда аз 800 метр аз сатҳи баҳр эҳтимоли табдил ёфтани борон ба барфи тар пешгӯӣ мешавад.

Аз Агентии обуҳавошиносӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод, Файзобод), вилояти Хатлон (Восеъ, Хуросон, Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Ш.Шоҳин) ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд (Истаравшан, Панҷакент) эҳтимоли ба вуҷуд омадани сел пешгӯӣ мешавад. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, дар ин рӯзҳо хавфи омадани сел, фаромадани лойқа ва сангрезаҳо дар роҳҳои мошингарди мамлакат ва рух додани дигар офатҳои табиӣ вуҷуд дошта метавонад.

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз сокинон хоҳиш менамояд, ки ҷӯйборҳову каналҳои назди биноҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасу партов ва лойқа тоза кунанд, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҷуйборҳо ҷорӣ шуда, ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои кишт зарар нарасонад.

Кумита ҳамчунин ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои боронӣ аз баромадан ба шикор, моҳидорӣ, корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва чорводорӣ худдорӣ намоянд. Барои пешгирии садамаҳо дар шоҳроҳҳо, алахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ронандагон бояд тамоми қоидаҳои ҳаракатро дар роҳро риоя намуда, хусусан суръати ҳаракатро баланд насозанд.

Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягона- 112 ё қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо рақами 93 880 28 19 ва 223 13 11, инчунин Раёсати КҲФ дар ш.Душанбе:

225-44-73, 225-44-76, 225-44-90

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05, 2-78-28

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57, 2-53-47

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72, 5-15-5

дар тамос шаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво