26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ доданд

164
Дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони Шӯрои занон баҳри шарҳу тафсири нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоат вохӯрии судманд баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо мақсади татбиқи амалии Паёми Сарвари давлат бо шумули коршиносону собиқадорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мақомоти иҷроия гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, ки имрӯзҳо дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр мулоқоту суҳбатҳо баргузор менамоянд.

Дар ҷамъомад раиси Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзоев изҳор дошт, ки «имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа зери таассуроти беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паёми Сарвари давлат қарор дошта, раванду амалисозии он дар ҷараён мебошад. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати таърихӣ буда, мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи мамлакат нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудаанд, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд. Хушбахтона, имрӯзҳо сокинону соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон дар партави Паёми Пешвои миллат дар корҳои созандагию бунёдкории ҳудуди ҷамоат фаъолона иштирок намуда, дар оянда барои бунёд намудани корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ саҳми арзанда мегузоранд».

Дар ҳамоиш меҳмонон нисбат ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарнок, бурдани тарзи ҳаёти солим ва риояи қоидаҳои санитарию тозагӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, сидқан дӯст доштани Ватан, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, донистани таърихи худ ва арҷ гузоштан ба он сухан гуфтанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

Аҳли нишаст, ки намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолии ҷамоат, аз ҷумла раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷамоат ва ҷавонону занон буданд, ҳамзамон иброз намуданд, ки амалисозии ин ҳуҷҷати муҳимро вазифаи худ дониста, онро ҳамчун роҳнамои зиндагӣ истифода мебаранд.



АКСҲО аз Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво