28 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро шарҳ доданд

161
Дар Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои ҷавонону бонувон ва фаъолону шӯрои занон баҳри шарҳу тафсири нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоат вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ«Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҷамъомади мазкур раиси ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода Саодат Умарова изҳор дошт, ки “Паёми навбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ин ҳуҷҷати таърихӣ мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи кишвар нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудаанд, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа зери таассуроти беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Хушбахтона, имрӯзҳо сокинону соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Сешанбе дар партави паёмҳои Пешвои миллат дар корҳои созандагию бунёдкории ҳудуди ҷамоат фаъолона иштирок намуда, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30- солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд”.

Дар вохӯрӣ меҳмонон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарнок, бурдани тарзи ҳаёти солим ва риояи қоидаҳои санитарию тозагӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, сидқан дӯст доштани Ватан, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, донистани таърихи худ ва арҷ гузоштан ба он сухан гуфтанд.

Аҳли нишаст, ки намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолии ҷамоат, аз ҷумла раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷамоат ва ҷавонону занон буданд, ҳамзамон иброз намуданд, ки амалисозии ин ҳуҷҷати муҳимро вазифаи худ дониста, онро дар зиндагӣ ҳамчун роҳнамо истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади татбиқи амалии Паёми Сарвари давлат бо шумули коршиносону собиқадорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мақомоти иҷроия гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, ки имрӯзҳо дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мулоқоту суҳбатҳо баргузор менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво