26 май 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Рашт бо мақсади фаҳмонидани моҳияти Паёми Пешвои миллат вохӯриҳо доир мешаванд

276
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо аҳли ҷамоат суҳбату вохӯриҳо ташкил намуда, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ба мардум шарҳу тафсир намуда истодаанд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ин вохӯриҳо зикр мегардад, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои ҳадафҳои созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар он ҳамчун чароғи роҳнамо ва пешбарандаи ҷомеа маҳсуб шуда, татбиқи нақшаю вазифаҳои гузошташуда барои имрӯзу фардои ҷомеаро дар бар мегирад.

Масъулин зимни вохӯриҳо доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун сухан гуфта, иштирокдоронро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ даъват менамоянд.

Дар анҷоми мулоқотҳо шахсони саховатманду эҳсонкоре, ки дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳм доранд, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ мешаванд. Ҳамзамон соҳибкорони маҳаллӣ барои вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии қишри осебпазири ҷомеа даъват мегарданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво